Надал ба корномаи теннисбозиаш ҳоло хотима бахшидани нест...
Қаҳрамони 22-каратаи мусобиқаҳои «Тоскулоҳи бузург», собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози испанӣ Рафаэл Надал ба эҳтимоли он ки мавсими соли 2024 охирин мавсими ӯ дар корномааш бошад, ибрози назар кард.
«Имконияти хубе вуҷуд дорад, ки ин соли охирини ман бошад, бешубҳа... Инчунин эҳтимол дорад, ки он танҳо шаш моҳ бошад. Ман ҳоло ба ин саволҳо ҷавоб дода наметавонам. Танҳо гуфта метавонам, ки ман ба рақобат бармегардам.
Шумо намедонед, ки имрӯз охираш бо чӣ ба анҷом мерасад. Шумо бояд ҳамеша ба худ имконият диҳед ва чизе нагӯед, ки шуморо ғуломи суханатон созад. Агар вазъият ва ҳолати ҷисмонии ман ба ман имкон диҳад, ки корамро идома диҳам ва лаззат барам, чаро ман бояд муаяйн созам, ки кай ба корномаи варзишиам анҷом бахшам. Ҳамин тавр, ман ҳоло ба корномаии варзишиам то ҳадди тавон идома медиҳам .”- гуфтааст, Рафаэл Надал ба Sport.es.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Надал аз бозгашташ ба олами теннис хабар дода буд. Пас аз ҷароҳат ӯ боз моҳи январ дар мусобиқаи ATP иштирок мекунад.