Нагелсман: «Месси нест, мушкилӣ нест»

Нагелсман: «Месси нест, мушкилӣ нест»

Мутахассиси 34-солаи олмонӣ - Юлиан Нагелсман, ки ҳоло дастаи "Бавария"-ро роҳбарӣ мекунад, пеш аз бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо “Барселона”, дар бораи аз даста рафтани ҳамлагари 34-солаи аргентинӣ Лионел Месси сухан гуфт.

«Дастаи «Барселона» дигар мисли Месси бозигарони махсус надорад, аммо бозигарони дигаре ҳастанд, ки метавонанд ба мо хатар эҷод кунанд. Мо ба ҳама чиз омодаем. Ба назари ман чунин нест, ки онҳо хеле заиф шудаанд. Мо ба ҳар роҳе набошад бояд аз рабиқ се имтиёз ситонем», — иқтибос овардааст сомонаи УЕФА аз суханони Нагелсман.

Бозӣ байни дастаҳои «Барселона» — «Бавария» дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо имшаб 14-уми сентябр соати 23:55 бо вақти Душанбе тавассути ТВ “Варзиш” мустақиман пахш мешавад.