Нахустин голи Пол Погба дар...

Нахустин голи Пол Погба дар...

Ниммуҳофизатгари фаронсавии дастаи “Манчестер Юнайтед” - Пол Погба дар рақобати даври 34-уми ПЛА бар зидди дастаи «Астон Вилла» муаллифи гол гардид. Маврид ба ёдоварист, ки ин нахустин голи футболбози 27 сола дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад. Ин мавсим Пол Погба дар 12 бозии дастаи “Манчестер Юнайтед” ширкат карда, ба задани як гол ва чор партофти натиҷаовар даст ёфтааст.