Нахустин тамрини мунтахаби Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе

Нахустин тамрини мунтахаби Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе

Имрӯз, 12-уми октябр ҳайати пурраи мунтахаби Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамрини нахустини худро пеш аз бозӣ бо Тоҷикистон баргузор намуданд. Тамрини “самурайҳои кабуд” зиёда аз ду соатро дар бар гирифт. Баъд аз анҷом тамрин футболбозон бо хабарнигорони ВАО мусоҳиба намуданд. Хотиррасон бояд шуд, ки бозии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни миллипӯшони тоҷик ва ҷопон санаи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешавад. Вақти баргузории ин вохӯрӣ соати 17:15 дар назар аст.