Намояндаи Қазоқистон қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмот гардид

Намояндаи Қазоқистон қаҳрамони ҷаҳон оиди шоҳмот гардид

Дар шаҳри итолиёвии Пула чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмот миёни бозигарони то 20-сола доир шуд, дар ин бора агентии Kazinform бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Дар навъи шоҳмоти барқвор намояндаи Қазоқистон Ксения Балабаева қаҳрамон шуда, барандаи нишони нуқра — ҳамватанаш Амина Каирбекова гардид.

Миёни мардон бошад Аристан Исанжулови қазоқ зинаи сеюмро ишғол кард.

Ғайр аз ин, дар навъи шоҳмоти рапид Ксения Балабаева мақомдори зинаи дуюм шуда, Зайнаб Султонбек — мақоми сеюмро ишғол кард.