“Наполи” аввалин бор дар таърих ба даври ¼ ниҳоии ЛЧ баромад!

Дар доираи бозиҳои ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳои Аврупо дастаҳои “Наполи” ва “Айнтрахт” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Диего Армандо Марадона» -и шаҳри Неапол доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди мизбонон хотима ёфт.
Голҳоро дар равнди вохӯрӣ Виктор Осимхен ду маротиба ва Зелински аз пеналти ба самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар Франкфурт бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди дастаи шаҳри Неапол анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, дастпарварони Лучано Спаллетти бо ҳисоби умумии 4 бар 0 муқобили “Айнтрахт” дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҳамин тавр, дастаи “Наполи” аввалин бор дар таърих ба даври чаҳорякниҳоии ЛЧ баромад.
Лигаи Чемпионҳо | Даври 1/8-ниҳоӣ
«Наполи» – «Айнтрахт» 3:0. (бозии аввал: 2:0)
Голҳо: Осимхен, 45+2, 53, Зелински, 64 (пен.)
«Наполи»: Мерет, Ди Лорентсо, Ррахмани, Ким Мин Чжэ (Жезус, 66), Мариу Руй, Лоботка, Зелински (Ндомбеле, 74), Замбо-Ангисса, Политано (Лосано, 67), Осимхен (Симеоне, 81), Кваратсхелия (Элмаз, 74).
«Айнтрахт»: Трапп, Бута, Ндика, Тута, Лентс (Макс, 67), Гетсе, Роде (Якич, 74), Соу, Камада, Борре, Кнауфф (Алиду, 62).