“Наполи” пешсафиро дар Серияи А идома медиҳад
Дар доираи бозиҳои даври 23-юми Серияи А дастаҳои “Рома” ва “Наполи” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. 60 788 нафар мухлис дар варзишгоҳ бозиро аз наздик тамошо карданд.
Ҳисоб дар дақиқаи 29-уми бозӣ кушода шуд. Собиқ бозигари “Рома” Леонардо Спинатссола ҳисобро ба фодаи “Наполи” боз кард. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ аз ҳайати “Рома” Анхелинйо ҳисобро баробар намуд. Ин аввалин голи дифоъгари испанӣ дар мавсими имсола буд.
Пас аз натиҷаи мусовӣ, “Наполи” ҳамоно пешгомиро дар ҷадвали мусобиқа идома медиҳад. Тими шаҳри Неапол бо 54 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Рома” бо 31 имтиёз дар зинаи 9-ум аст.
“Рома” дар бозии оянда, рӯзи 6-уми феврал дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Италия бо “Милан” дар сафар ва дар даври 24-уми Серияи А бо “Венетсия” дар сафар бозӣ мекунад.
“Наполи”, ки аз идомаи мусобиқаи Ҷоми Италия бенасиб монд, дар даври баъдӣ дар Серияи А бо “Удинезе” рӯзи 10-уми феврал андари майдони рақобат мешавад.