“Наполи” пешсафиро дар Серияи А идома медиҳад

“Наполи” пешсафиро дар Серияи А идома медиҳад

Бозии марказии даври 10-уми Серия А, ки дар он дастаҳои “Милан” ва “Наполи” вохӯрданд, ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи «Сан-Сиро»-и Милан баргузор шуд. Дар ин бозӣ "Наполи" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар дақиқаи панҷум, ҳамлагари “Наполи” Ромелу Лукаку ҳисобро ба самар расонд. Дар дақиқаи 42-юм ҳуҷумкунандаи «Наполи» Хвича Кваратсхелия голи дуюмро зад.

Пас аз ин пирӯзӣ «Наполи» 25 имтиёз ба даст оварда, садрнишини ягонаи Серияи А аст. Дар ҷадвали мусобиқа, «Милан» пас аз 9 бозӣ 14 имтиёз ба даст овардааст.

Дар мавсими гузашта, дастаҳо дар чемпионат бо ҳам ду маротиба вохӯрданд. Дар бозии даври аввал ҳисоб 2:2 буд. Дар даври дуюм футболбозони «Милан» (1:0) пурзӯртар баромаданд.