Натиҷаҳои мусобиқаи шашкаю шоҳмотбозон

Натиҷаҳои мусобиқаи шашкаю шоҳмотбозон

Дар толори бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мусобиқаи мазкур ҷузъи мусобиқаи кушоди варзишӣ бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» мебошад.

Дар мусобиқаҳои имсолаи шашкаю шоҳмот дар умум 25 дастаи мақомоту идораҳо бо теъдоди 110 нафар ширкат варзиданд. Мусобиқаҳо байни мардҳо аз рӯи системаи швейтсарӣ ва байни бонувону наврасон бо таври даврӣ доир карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки ба ин намудҳои варзиши зеҳнӣ дар кишвар сол аз сол таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Мусобиқаҳоро мутахассиси соҳа раиси Федератсияи шоҳмоти ш. Душанбе Илҳом Юнусов ва дигар доварони ботаҷриба ташкил ва гузарониданд. Дар мусобиқаҳо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва дигар ташкилоту идораҳо хеле фаъолона ширкат варзиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, ба ғолибони мусобиқаҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, диплом, медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.