Натиҷаҳои навбатии умедбахши шоҳмотбозони тоҷик аз Ҳиндустон

Натиҷаҳои навбатии умедбахши шоҳмотбозони тоҷик аз Ҳиндустон

Имрӯз мунтахаби бонувони кишвар дар доираи бозии навбатии хеш дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон муқобили тими яккачини Исландия рақобат намуда, бозиро бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Дар бозии мазкур Надежда Антонова ҳарифаш Ленка Плачниковаи исландиро шикаст дода, Сабрина Абророва аз ҳарифаш Йоанна Бйорг Йоханнсдоттир шикаст хӯрд. Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ бошанд бо ҳарифонашон мусовӣ намуданд.

Мунтахаби мардонаи кишвар дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев (бо мӯҳраҳои сиёҳ), Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев (бо мӯҳраҳои сафед), Меҳриддин Шарифов (бо мӯҳраҳои сиёҳ) ва Илҳоми Ҷалолиддин (бо мӯҳраҳои сафед) дастаи Гаитиро бо натиҷаи 4:0 дучори шикаст намуд.

Тими мардонаи кишвар то ба ҳол чор пирӯзӣ ва се бохт дар омор дошта, рақиби навбатии онҳо яккачини Сингапур хоҳад буд.

Яккачини бонувонаи кишвар бошад бо вуҷуди се пирӯзӣ, се бохт ва як мусовӣ бозии навбатияшонро муқобили дастаи Тайпейи Чин доир мекунад.