Натиҷаҳои шоҳмотбози тоҷик Амал Холова дар Чемпионати Осиё оиди шоҳмот миёни наврасону ҷавонон

Дар мусобиқа оиди шоҳмот классикӣ миёни духтарони то 10-сола Амал Холова нахуст аз Дунё Руслановаи туркман шикаст хӯрд, сипас бо Ботагож Жилкожаи қазоқ мусовӣ намуд.
Дар идома ӯ аз Аяна Токталиева (Қирғизистон), Батменд Ануҷин (Муғулистон), Ясмина Мамарасулова (Ӯзбекистон) шикаст хӯрд ва танҳо Лайло Алҳасанро аз Қувайт мағлуб намуд.
Як мусовии дигари Амал Холова бо Нилуфар Маҳмудова аз Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда, дар ду даври охирин ӯ аз Алия Темирбекова (Қирғизистон) ва Прудпитча Сутипонпайсарни тайландӣ шикаст хӯрда буд.
Ҳамин тариқ бо чунин натиҷаҳои хеш шоҳмотбози тоҷик дар зинаи 49-ум аз миёни 52 нафар қарор гирифт. Унвони қаҳрамониро бошад як давр пеш Алиса- Ҳенриета Алиса Юнкер аз дастаи ФИДЕ бо касби 8.5 хол соҳиб шуда буд. Ду зинаи баъдиро Аланна Берикқизи (Қазоқистон) бо 7 хол ва Аарадхя Дас аз Ҳиндустон бо 6.5 хол қарор гирифтанд.