Натиҷаи баромади варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо дар Ӯзбекистон

Натиҷаи баромади варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо дар Ӯзбекистон

Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва нобиноён ба анҷом мерасад. Мусобиқа рӯзи 14-уми апрел оғоз шуда буд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур 13 медал гирифтанд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарони мо Шоҳрух Назаров (-79 кг) миёни нобиноён медали тилло, Холид Толибзода (-88 кг) дар самбои размӣ миёни калонсолон медали нуқра ба даст оварданд. Шоҳрух Назаров ягона медали тиллои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба даст овард.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа аз самбои варзишӣ Деваштич Устопириён (79 кг) бо Зафар Олимшоев (88 кг) медали нуқра ва Муҳаммад Зоидов (98 кг) дар самбои варзишӣ, Худоёр Раҷабзода (71 кг) дар самбои размӣ бо Рамазон Ҷумаев (79 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Наврасони тоҷик дар рӯзи сеюми мусобиқа Амирҷон Шарифов (58 кг) дар самбои варзишӣ медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов (71 кг) дар самбои варзишӣ медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа дар самбои варзишӣ Абдулло Қодиров (64 кг), Абдулло Лоиқов (79 кг), Фирдавси Баҳодур (88 кг), дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода (79 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва нобиноён аз 14-ум то 18-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид. Тоҷикистонро 50 варзишгар муаррифӣ карданд.

ТВ "Варзиш"