Натиҷаи бозиҳои даври 3-юми Чемпионати CAFA миёни наврасони то 16 сола

Натиҷаи  бозиҳои даври 3-юми Чемпионати CAFA миёни наврасони то 16 сола

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо тими наврасони Афғонистон (0:0)  мусовӣ бозӣ кард.

Бозии дастаҳо 16-уми  май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 ҳамтоёни хеш аз  Қирғизистонро мағлуб намуд.

Бозиҳои даври навбатӣ 18-уми  май доир мешаванд. Дар ин рӯз Эрон бо Афғонистон  ва Ӯзбекистон бо Тоҷикистон андари майдони рақобат мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Ӯзбекистон  2:2  Эрон

Афғонистон 1:1  Қирғизистон

Даври 2

Қирғизистон 0:2 ТОҶИКИСТОН 

Узбекистон 6:0 Афғонистон 

Даври 3

Эрон  2:0 Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН 0:0  Афғонистон

Даври 4

18 май (чоршанбе)

18:00   Эрон – Афғонистон

21:00   Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

20 май (ҷумъа)

18:00   Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00   ТОҶИКИСТОН – Эрон