Натиҷаи бозиҳои рӯзи 6-уми чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024

Натиҷаи бозиҳои рӯзи 6-уми чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024

Рӯзи сешанбе, 20-уми феврал чор вохӯрии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024 дар Дубайи АМА доир гардиданд. Бозиҳои ахир дар гурӯҳҳои C ва D анҷом ёфтанд.

Чемпионати ҷаҳон оиди футболи соҳилӣ — 2024

Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 3-юм

Гурӯҳи С

Белоруссия — Колумбия — 4:1.

Ҷопон — Сенегал — 6:4.

Гурӯҳи D

Уммон — Португалия — 2:3.

Мексика — Бразилия — 3:4 (ОТ).

Ғолиби гурӯҳи С мунтахаби Белоруссия дар марҳилаи чорякниҳоӣ муқобили Португалия бозӣ намуда, ҷопониҳои зинаи дуюм бо Бразилия рақобат мекунанд, дастае, ки дар гурӯҳи D беҳтарин дониста шуд.

Қобили қайд аст, ки бозиҳои марҳилаи чорякниҳоӣ рӯзи 22-юми феврал доир мешаванд. Вохӯриҳои ниманиҳоӣ санаи   24-уми феврал мегузаранд ва финал ва бозӣ барои ҷои сеюм бошанд рӯзи 25-уми феврал баргузор мегарданд.

Муаллиф: Имомбек Шанбиев