Натиҷаи рақобатҳои даври 26-уми Лигаи олӣ

Натиҷаи рақобатҳои даври 26-уми Лигаи олӣ

23-24 ноябр бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” – КМВА, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад. Дар даври 27-ум 5-уми декабр КМВА дар майдони худаш бо “Хуҷанд”, “Истаравшан” дар меҳмонӣ бо “Душанбе” вомехуранд.

Дар бозии дигари даври 26-ум «Хатлон» бар тими «Душанбе» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол заданд.

«Истиқлол» ба дарвозаи тими «Файзканд» панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ ба номашон сабт карданд. Дар доираи ин бозӣ ба тими “Истиқлол”, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

«Хуҷанд» бошад, тими «Эсхата»-ро шикаст дод – 2:1. Бозингари “Эсхата” Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми “Хуҷанд”-ро Артём Сердюк зад. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол заданд.

«Равшан» дар майдони худ аз тими «Куктош» бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи “Куктош” Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари тими ноҳияи Рӯдакиро зад.