Натиҷаи рекордии Зидан дар “Камп Ноу”

Натиҷаи рекордии Зидан дар “Камп Ноу”

Зиниддин Зидан бори 10-ум ба ҳайси сармураббии дастаи “Реал Мадрид” шогирдони худро бар зидди “Барселона” вориди майдон кард. Мутахассиси фаронсавӣ ҳарчанд аз рақиби азалии худ 2 бор шикаст хӯрдааст, вале ин бохтҳо дар варзишгоҳи хонагии даста “Сантияго Бернабеу” иттифоқ афтодаанд. Бар акси ин ӯ дар бозиҳо дар майдони ҳариф “Камп Ноу” боре ҳам шикаст нахӯрдааст. Зидан ин дафъа низ дар баробари мизбонон натиҷаи эҷобиро ба қайд гирифт. Ҳамин тавр ӯ аввалин мураббие гашт, ки дар 6 бозӣ дар майдони ҳариф дучори шикаст намешавад. Ҳоло дар ҳисоби ӯ 3 ғалаба ва 3 бохт аст.