Натиҷаи таърихии Купер дар Лигаи Миллии Хоккей миёни мураббиён
Имрӯз, 10-уми январ тими хоккейи «Тампа-Бэй Лайтнинг» дар майдони хеш «Лос-Анҷелес Кингз»-ро дар доираи чемпионати даврии Лигаи Миллии Хоккей (ЛМХ) қабул намуд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Амали-Арена» баргузор гардид ва бо натиҷаи 3:2 (0:0, 0:2, 2:0, 1:0 — ОТ) хотима ёфт.
Пирӯзӣ дар бозии мазкур 500-умин дар маснади варзишӣ ва лига барои сармураббии «оташакҳо» Ҷон Купер гардид. Муттахассиси канадагӣ сеюмин натиҷа аз рӯи суръати расидан ба 500 пирӯзӣ дар ЛМХ миёни сармураббиён гузошт. Баҳри расидан ба чунин натиҷа барояш ҳамагӣ 839 бозӣ лозим шуд.
Рекорди ЛМХ аз рӯи ин нишондод ба Скотти Боумэн (825 бозӣ) тааллуқ дошта, дар зинаи дуюм Брюс Будро (бо 837 бозӣ) мебошад ва Купер бошад аз натиҷаи Майк Бэбкок (895 бозӣ), ки то имрӯз дар зинаи сеюм буд, пеш гузашт.