Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқаҳои аврупоӣ

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқаҳои аврупоӣ

27 феврал маросими қуръакашии марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқаҳои Лигаи Чемпионҳо, Лигаи Аврупо ва Лигаи Конференсияҳо доир шуд.

Дар натиҷаи қуръкашӣ дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо ҷуфтҳои зерин муайян шуданд.

«ПСЖ» (Фаронса) — «Челси» (Англия)

«Галатасарай» (Туркия) — «Ливерпул» (Англия)

«Реал Мадрид» (Испания) — «Манчестер Сити» (Англия)

«Аталанта» (Италия) — «Бавария» (Олмон)

«Нюкасл» (Англия) — «Барселона» (Испания)

«Атлетико» (Испания) — «Тоттенхэм» (Англия)

«Буде-Глимт» (Норвегия) — «Спортинг» (Португалия)

«Байер» (Олмон) — «Арсенал» (Англия)

Бозиҳои ин марҳилаи Лигаи Чемпионҳо рӯзҳои 10/11 ва 17/18 марти соли 2026 баргузор мешаванд.

Дар натиҷаи қуръкашӣ дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Аврупо ҷуфтҳои зерин муайян шуданд.

«Ферентсварош» (Маҷористон) — «Брага» (Португалия)

«Панатинаикос» (Юнон) — «Бетис» (Испания)

«Генк» (Белгия) — «Фрайбург» (Олмон)

«Селта» (Испания) — «Лион» (Фаронса)

«Штутгарт» (Олмон) — «Порту» (Португалия)

«Ноттингем Форест» (Англия) — «Мидтюлланд» (Дания)

«Болоня» (Италия) — «Рома» (Италия)

«Лилл» (Фаронса) — «Астон Вилла» (Англия)

Бозиҳои ин марҳилаи Лигаи Аврупо рӯзҳои 12 ва 19 марти соли 2026 баргузор мешаванд.

Дар натиҷаи қуръкашӣ дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Конференсияҳо ҷуфтҳои зерин муайян шуданд.

«Лех» (Лаҳистон) — «Шахтёр» (Украина)

АЗ (Нидерланд) — «Спарта» (Чехия)

«Кристал Пэлас» (Англия) — «АЕК Ларнака» (Кипр)

«Фиорентина» (Италия) — «Ракув» (Польша)

«Самсунспор» (Туркия) — «Райо Валйекано» (Испания)

«Селе» (Словения) — «АЕК Афина» (Греция)

«Сигма» (Чехия) — «Майнтс» (Олмон)

«Риека» (Хорватия) — «Страсбур» (Фаронса)

Бозиҳои ин марҳилаи Лигаи Конференсияҳо рӯзҳои 12 ва 19 марти соли 2026 баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими имсола рӯзи 30 май дар варзишгоҳи «Ферентс Пушкаш» дар  Будапешти Маҷористон баргузор мегардад. Финали Лигаи Аврупо рӯзи 20 май дар варзишгоҳи  «Бешикташ» дар  Истамбули Туркия доир мешавад. Финали Лигаи Конференсияҳо  рӯзи 27 май дар варзишгоҳи  «Ред Булл Арена» дар  Лейптсиги Олмон баргузор мегардад.