Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон дирӯз, 15-уми май, қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор гардид. Дар даври муқаддамотии мусобиқа 12 дастаҳои Лигаи якум, ки дар натиҷаи қуръапартоӣ шаш ҷуфтро ташкил карданд, бозӣ мекунанд. Ҳамин тариқ «Моҳир» бо «Барқчӣ», «Саройкамар» бо «Ваҳдат», «Панҷшер» бо «Равшан»-и Зафаробод, «Динамо» бо «Ҳулбук», «Пахтакор» бо «Ҳосилот» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Исфара» рақобат мекунанд. Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии мусобиқа аз як рақобат иборат буда, рӯзҳои 21 ва 22 май роҳандозӣ мегарданд. Ғолибони бозиҳо ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳхат пайдо мекунанд ва дар ин марҳилаи бошгоҳҳои Лигаи олӣ мусобиқаро шурӯъ мекунанд. Қайд менамоем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон - 2021 ҳуқуқи баромад карданро дар Ҷоми КФО-2022 аз номи Тоҷикистон пайдо мекунад. Дар сурате, ки ғолиби чемпионат ва барандаи Ҷоми кишвар як даста гардад, пас дар Ҷоми КФО барандаи медалҳои биринҷии Лигаи олӣ иштирок мекунад.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Марҳилаи муқаддамотӣ

21-22 май (ҷумъа, шанбе)

«Моҳир» – «Барқчӣ»

«Саройкамар» – «Ваҳдат»

«Панҷшер» – «Равшан» (Зафаробод)

«Динамо» – «Ҳулбук»

«Пахтакор» – «Ҳосилот»

«Регар-ТадАЗ» – «Исфара»

Манбаъ: https://tfl