Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Англия

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Англия

Натиҷаҳои қуръакашии даври чорякниҳоии Ҷоми Англия дар мавсими 2025/2026 баргузор шуд. Дар ин бора расмии Федератсияи футболи Англия хабар медиҳад.

Дар натиҷа ҷуфтҳои марҳилаи чорякниҳоӣ ба таври зайл муайян шуданд:

“Саутгемптон” — “Арсенал”

“Челси” — “Порт Вейл”

“Манчестер Сити” — “Ливерпул”

“Вест Хэм Юнайтед”  — “Лидс Юнайтед”

Бозиҳои ин марҳила 4-5 апрел баргузор мешаванд. Қаҳрамони феълӣ “Кристал Пэлас” мебошад, ки дар финал “Манчестер Сити”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Дар таърихи мусобиқа бештар “Арсенал” қаҳрамон шудааст. Тими шаҳри Лондон 14 маротиба Ҷоми Англияро соҳиб шудааст.

Дар мақоми дуюм “Манчестер Юнайтед” бо 13 унвони қаҳрамонӣ қарор дорад. “Ливерпул”, “Тоттенҳэм” ва “Челси” бо 8 ҷоизаи қаҳрамонӣ сегонаи беҳтаринҳоро пур мекунанд.