Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023

Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023

Субҳи имрӯз маросими қуръакашии мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 дар шаҳри Токио баргузор шуд ва ҷудокорон рақибони хешро шинохтанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 506 ҷудокор (298 мард, 208 зан) аз 84 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 фардо – 2-юми декабр бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 3-юми декабр мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг ва 3-юми декабр мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат мекунанд.

Дар рӯзи якум кишвари моро Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) муаррифӣ мекунанд. Дар рӯзи дуюм Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) баромад мекунанд. Дар рӯзи охир Комроноҳи Устопириён (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) муаррифгари Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошанд.

Рақиби ҷудокорони тоҷик дар Tokyo Grand Slam-2023 :

Вазни -60 кг:

Даври 1:  Меҳрзод Суфиев – Накамура Таики (Ҷопон)

Даври 1:  Муҳаммадсолеҳ Қувватов - Симоне Аверса (Италия)

Вазни -66 кг:

Даври 1 : Эмомалии Нуралӣ – Комрон Сулаймонов (Озарбойҷон)

Даври 1: Обид Ҷебов – Фабио Базил (Италия)

Вазни -73 кг:

Даври 1: Абубакр Шеров – Терада Масаюки (Тайланд)

Даври 1: Беҳрӯз Хоҷазода - Квантидзе Отари (Португалия)

Вазни -81 кг:

Даври 2: Сомон Маҳмадбеков – Кайто Амано (Ҷопон) / Суенгчан Ли (Кореяи Ҷанубӣ)

Даври 1: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода - Гербеков Аскербии (Баҳрайн)

Вазни – 90 кг:

Даври 2: Комроноҳи Устопириён - Тселидис Теодорос (Юнон)

Вазни -100 кг:

Даври 1: Эмомризо Анварзода - Бузакарини Рафаэл (Бразилия)