Умар Раҳимов- дорандаи нишони нуқраи Чемпионати Осиё оиди гӯштини тарзи озод

Дар рӯзи дуввуми Чемпионати Осиё оиди гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ, ки аз 12-уми июл то 20-уми июл дар шаҳри Уммони кишвари Урдун миёни варзишгарони то 15-сола ва то 20-сола ҷараён дорад, кишвари моро се варзишгар аз намуди гӯштини тарзи озод муаррифӣ намуданд.
Нахуст бояд аз Умар Раҳимов дар вазни 48кг бояд гуфт, ки дар марҳилаи чорякниҳоӣ варзишгари мизбон Ҳамза Маҳмуд Нафишро бо ҳисоби 4-1 мағлуб намуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар марҳилаи ниманиҳоӣ бошад ҳарифи ироқияш Умар Абдулқодирро бо ҳисоби бузурги 11-0 шикаст дода, дар финал муқобили варзишгари ӯзбекистонӣ Улуғбек Рашидов ба рақобат пардохт, вале дучори нокомӣ гардид.
Намояндаи дигари кишвари мо дар рақобатҳои осиёии гӯштини тарзи озод Алиризо Баҳромов (вазни68кг) буд, ки дар рақобат баҳри мақоми сеюм Кай Фуҷисеи ҷопониро бо ҳисоби 4-3 шикаст дод.
Ин варзишгари тоҷик дар марҳилаи чорякниҳоӣ Вардан Варданян аз Қазоқистонро шикаст дода, баъдан дар даври ниманиҳоӣ аз Суҷай Нагнат Танпурии ҳинду ноком шуд.
Идрис Баҳромов (вазни 52кг) бошад вақти рақобатҳо дар аввалин муборизаи хеш дар марҳилаи муқаддамотӣ аз Нишант Нишанти ҳиндӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.