Натоиҷи бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2026 дар Осиё
Бозиҳои даври сеюми гурӯҳӣ дар марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 дар қораи Осиё доир шуданд.
Аввалин шуда, мунтахабҳои Австралия ва Чин андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Аделаида Овал”-и шаҳри Аделаида дар ҳузури 46 291 ҳазор нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Пас аз бохти ғайричашмдошт аз Баҳрайн (0:1) ва мусовии бегол бо Индонезия (0:0) ин аввалин ғалабаи Австралия буд. Чин дар се бозии анҷом дода, дар ҳамааш ноком гаридаааст.
Яке аз бозиҳои ҷолиби дигар ин вохӯрии Урдун ва Кореяи Ҷанубӣ буд. Кореяи Ҷанубӣ пас аз бохти марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 дар Қатар аз Урдун фурсат меҷӯст то қасд гирад. Ин фурсат барои кореягиҳо дар бозии даври сеюми марҳилаи сеюми муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон -2026 ба миён омад. Урдун ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Аммон бо ҳам бозӣ карданд ва натиҷа бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи тими меҳмон хотима ёфт. Билохира Кореяи Ҷанубӣ қасди бохтро аз Урдун гирифт. Бо ин ғалаба Кореяи Ҷанубӣ бо 7 имтиёз дар зинаи аввали гурӯҳи “В” аст.
Бозии марказии гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон доир шуд, ки барои зинаи аввал бо якдигар мубориза бурданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Тошканд доир шуда, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом ёфт. Аз дақиқаи 57-ум аз ҳайати Эрон Солеҳ Ҳарданӣ корти сурх гирифт ва даста 10 нафара бозиро идома дод. Ин мусовӣ ба Ӯзбекистон даст дод то дар зинаи аввал боқӣ монад.
Бозии дигар миёни дастаҳои Баҳрайн ва Индонезия мусовӣ 2 бар 2 хотима ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риффаи Баҳрайн доир шуд. Дар ин бозӣ мо шоҳиди голи зебои Муҳаммад Марҳун аз ҳайати Баҳрайн гардидем.
Мунтахабҳои Қатар ва Қирғизистон дар варзишгоҳи “Аҳмад Бин Алӣ” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи Қатар анҷом ёфт. Қаҳрамони феълии Осиё пас аз як бохту як мусовӣ аввалин ғалабаро ба даст оварданд. Қирғизистон дар се бозии доир карда, се бохт дорад.
Бозии дастаҳои АМА ва Кореяи Шимолӣ дар варзишгоҳи “Ҳазза Бин Зайёд”-и шаҳри Ал-Айн доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар ин вохӯрӣ Кореяи Шимолӣ имкони ғалабаро дошт, лек Хан Кван Сон зарбаи пеналтӣ ва он имкониятҳои зиёде, ки дошт натавонист истифода кунад.
Уммон ва Кувайт дар шаҳри Маскат бо ҳам бозӣ карданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба фоидаи тими мизбон – Уммон анҷом ёфт. Ин аввалин ғалабаи Уммон буд. Дар ду бозии пешина Уммон аз дасти Ироқ ва Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардида буд. Кувайт пас аз ду мусовие, ки дошт бо ҳисоби бузург акнун аз Уммон ноком шуд.
Тақдири бозии Ироқ ва Фаластинро як гол ҳал намуд. Вохӯрии ин ду даста дар шаҳри Басра доир шуд ва бо ягона голи беҳтарин бозигари тими мизбон Айман Ҳуссейн анҷом ёфт. Бо ин ғалаба Ироқ дар ҷадвали мусобиқот таъқиби Кореяи Ҷанубиро идома медиҳад.
Вохӯрии охир ин миёни дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷопон буд. Дидори дастаҳо дар шаҳри Ҷидда доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи “Самурайҳо”-и ҷопонӣ анҷом ёфт. Арабистони Саудӣ пас аз як мусовию як пирӯзӣ ҳамакнун аввалин бохтро низ ба қайд гирифт. Ҷопон дар се бозии доир карда, бо ҳисоби бузург рақибонро мағлуб карда, ҳоло ягон тӯб аз дихили дарвозааш нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои даври чаҳоруми марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар қораи Осиё рӯзи рӯзи 15-уми октябр доир мегарданд.