Натоиҷи бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Лигаи Чемпионҳо

Рӯзи дуюми бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба анҷом расид. ТВ “Варзиш” шуморо даъват мекунад, ки бо натиҷаҳои вохӯриҳое, ки дар ин рӯз барпо гардиданд, шинос шавед.
Натоиҷи бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоӣ
«Атлетико» Мадрид — «Реал» Мадрид — 1:0 (2:4 пен.) — 1-2 ҳисоби умумӣ.
«Астон Вилла» — «Брюгге» — 3:0 — 6-1 ҳисоби умумӣ.
«Арсенал» — «ПСВ Эйндховен» — 2:2 — 9-3 ҳисоби умумӣ.
«Лилл» — «Боруссия» Дортмунд — 1:2 — 2:3 ҳисоби умумӣ.
Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид”, “Астон Вилла”, “Арсенал” ва “Боруссия”-и Дортмунд ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаҳои “Бавария”, “Интер”, “Барселона” ва “ПСЖ” низ ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфта буданд. Бозии ниҳоии мусобиқа 31-уми майи соли 2025 дар Мюнхен дар назар аст.
Ҳамакнун, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “Реал Мадрид” бо “Арсенал”, “ПСЖ” бо “Астон Вилла”, “Барселона” бо “Боруссия”-и Дортмунд ва “Интер” бо “Бавария” бозӣ мекунанд. Бозиҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа рӯзи 9-уми апрел ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 16-уми апрел баргузор мегарданд.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” мебошад, ки дар финали соли гузашта бар “Боруссия”-и Дортмунд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Голҳоро Карвахал ва Винисиус Ҷуниор ба самар расониданд.