Натоиҷи бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Аврупо

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Аврупо баргузор гардиданд. Дар натиҷа дастаҳои “Тоттенҳэм”, “Айнтрахт”, “Будё/Глимт”, “Латсио”, “Рейнҷерс”, “Атлетик”, “Лион” ва “Манчестер Юнайтед” ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дастаҳои “АЗ Алкмар”, “Аякс”, “Олимпиакос”, “Виктория Плзен”, “Фенербахче”, “Рома”, ФКСБ ва “Реал Сосйедад” аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Натоиҷи бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоӣ
“Тоттенҳэм” — “АЗ Алкмар” — 3:1 — 3-2 ҳисоби умумӣ.
“Айнтрахт” — “Аякс” — 4:1 — 6-2 ҳисоби умумӣ.
“Олимпиакос” — “Будё/Глимт” — 2:1 — 2-4 ҳисоби умумӣ.
“Латсио” — “Виктория Плзен” — 1:1 — 3:2 ҳисоби умумӣ.
“Рейнҷерс” — “Фенербахче” — 1:2 (3:2 пен.) — 4-3 ҳисоби умумӣ.
“Атлетик” — “Рома” — 3:1 — 4-3 ҳисоби умумӣ.
“Лион” — ФКСБ — 4:0 — 7-1 ҳисоби умумӣ.
“Реал Сосйедед” — “МЮ” — 4:1 — 5:2 ҳисоби умумӣ.
Ҳамакнун, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “Тоттенҳэм” бо “Айнтрахт”, “Будё/Глимт” бо “Латсио”, “Рейнҷерс” бо “Атлетик” ва “Лион” бо “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунанд. Бозиҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа рӯзи 10-уми апрел ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 18-уми апрел баргузор мегарданд.
Ғолиби феълии Лигаи Аврупо “Аталанта”-и Италия мебошад, ки дар финали соли гузашта бар “Байер”-и Олмон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Голҳоро Адемола Лукман ба самар расонид.