Навраси тоҷик Марям Маилова барандаи нишони биринҷии мусобиқаи кушоди таеквондо WTF дар Лондон шуд

Навраси тоҷик Марям Маилова барандаи нишони биринҷии мусобиқаи кушоди таеквондо WTF дар Лондон шуд

Ҳафтаи равон дар толори варзишии Донишгоҳи Шарқи Лондон (University East London) мусобиқиаи кушоди таеквондо WTF баргузор шуд. Дар мусобиқа 210 нафар варзишгар   аз Англия, Шотландия, Ирландия ва дигар кишварҳо иштирок карданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Марям Маилова дар вазни 47 кг миёни наврасони то 14 сола муаррифӣ карда, сазовори нишони биринҷӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Марям аз синни 6 солагӣ дар намуди таеквондо машқ карда, дар мусобиқоти гуногуни дохилӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён шудааст.