Наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи аз Русия мағлуб шуданд

Наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи аз Русия мағлуб шуданд

Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров нахустин бозии дӯстонаи худро муқобили ҳамсолонашон аз Русия анҷом доданд.

Вохӯрӣ имрӯз, 2 октябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо пирӯзии мунтахаби Русия – 1:0 ба анҷом расид.

Бозии дӯстонаи дуюм миёни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Русия рӯзи 5 октябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб соати 16:00 дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар Қатар баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) нерӯ месанҷад.