Наврасони то 17 солаи ӯзбек ғолиби чемпионати CAFA дар Ҳисор шуданд
Дастаи занонаи наврасони Ӯзбекистон (U-17) дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) барандаи ҷому нишонҳои заррини мусобиқот гардид. Мусобиқаи мазкур дирӯз, 16-уми март дар Ҳисор ба анҷом расид.
Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мусобиқаи мазкурро бидуни сар додани гол анҷом дода, бар тимҳои Эрон (4:1), Қирғизистон (3:0) ва Тоҷикистон (5:0) пирӯз шуд. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон шуд, ки шаш имтиёз дорад. Сегонаи беҳтаринро бо се имтиёз мунтахаби Қирғизистон (3:0) соҳиб шуд.
Дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков дар ҳар се бозӣ аз тимҳои Қирғизистон (0:4), Эрон (0:7) ва Ӯзбекистон (0:5) шикаст хӯрд.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибону ҷоизадорони чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасони занонаи то 17-сола ширкат карданд.
Дар пайи натоиҷи мусобиқот ҷоизаи Fair Play ба тими Эрон ва ҷоизаи вижа насиби тими Тоҷикистон шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаро бозигари тими миллии Эрон Сомоёи Исмоилӣ (4 гол) ба даст овард. Сарвони тими миллии Ӯзбекистон Асалхон Аминҷонова самараноктарин бозигари чемпионати CAFA-2023 дониста шуд.
Чемпионати CAFA-2023 миёни духтарони то 17 сола
Даври 1
Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:4
Ӯзбекистон – Эрон – 4:1
Даври 2
Қирғизистон – Ӯзбекистон – 0:3
Эрон – Тоҷикистон – 7:0
Даври 3
Эрон – Қирғизистон – 2:0
Тоҷикистон– Ӯзбекистон – 0:5