Наврасони тоҷик “Ҷоми Рушд”-ро бо пирӯзӣ оғоз карданд
Дар бозии даври аввали гурӯҳи “B”-и мусобиқаи байналмилаллии “Ҷоми Рушд”, ки дар шаҳри Мински Беларус ҷараён дорад, мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дастаи наврасони зери 17-солаи Исландияро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Муаллифони голҳои дастаи мо Абдулфатоҳи Худойдодзода ва Сунатулло Азизов гаштанд.
Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд” дар соли гузашта дастаи Исландия наврасони тоҷикро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд.