Наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA дарвозаи Туркманистонро голборон карданд

Наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA дарвозаи Туркманистонро голборон карданд

Дар шаҳри Тошканд чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои то 17 сола оғоз гардид. Дар мусобиқа мунтахабҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.

Дар оғози мусобиқа наврасони мо бар Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик” доир шуд.

Аз ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Сиёвуш Назаров дар дақиқаҳои 27-ум, 47-ум, Муҳаммадҷон Кароматуллозода дар дақиқаҳои 38-ум, 85-ум ва Алиҷон Шуҳратҷонзода дар дақиқаи 64-ум ба самар расониданд.

Ягона голи Туркманистонро Худойназар Мередов дар дақиқаи 39-ум аз зарбаи пеналти ба ҳадаф расонид. Сиёвуш Назаров аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатӣ, рӯзи 9-уми апрел дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Қирғизистон рақобат мекунад.