Наврасони Тоҷикистон дарвозаи Қирғизистонро дар чемпионати CAFA голборон карданд
Дар шаҳри Тошканд чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои то 17 сола идома дорад. Дар мусобиқа мунтахабҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ муқобили Туркманистон бо ҳисоби 5:1 оғоз карда буд.
Имрӯз дар даври сеюми мусобиқа тими мо бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон андари майдони рақобат шуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик” доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Аз ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Сиёвуш Назаров дар дақиқаҳои 3-юм ва 57-ум, Алиҷон Шуҳратҷонзода дар дақиқаи 17-ум ва Биҳиштӣ Раҷабзод дар дақиқаи 61-ум ба самар расониданд. Сиёвуш Назаров, ки дар бозӣ бо Туркманистон дубл карда, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуда буд, имрӯз беҳтарин бозигари майдон дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатӣ, рӯзи 11-уми апрел мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Афғонистон бозӣ хоҳад кард.