Назриев ва Баратов беҳтаринҳои моҳи май дар Лигаи ҷавонони Тоҷикистон-2025 эътироф шуданд

Назриев ва Баратов беҳтаринҳои моҳи май дар Лигаи ҷавонони Тоҷикистон-2025 эътироф шуданд

Ҳамлагари «Истиқлол-2» Муҳаммад Назриев ва сармураббии дастаи ҷавонони КМВА Ҷамшед Баротов дар чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ беҳтаринҳои моҳи май дониста шуданд.

Моҳи гузашта ҳамлагари дастаи ҷавонони «Истиқлол» Муҳаммад Назриев дар се бозӣ ба дарвозаи «Ҳулбук-2», «Вахш-2» ва «Истаравшан-2» 8 гол задааст. Назриев аз аввали мавсим дар шаш бозӣ 11 голро марбути номи худ намудааст.

Дастаи ҷавонони КМВА-и пойтахт таҳти роҳбарии Ҷамшед Баратов дар моҳи май бар дастаҳои «Равшан-2» (4:2), «Истаравшан-2» (6:0), «Эсхата-2» (4:0) ва «Хуҷанд-2» (4:1) чаҳор пирӯзӣ ба даст овард.

Ба ҷуз аз ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи май дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон-2025 бо мукофотпулиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.