Назрулло Ашӯрализода – беҳтарин нишонзани Лигаи якуми Тоҷикистон-2025
Ҳамлагари дастаи “Душанбе” ва мунтахаби наврасони то 17-сола Назрулло Ашӯрализода беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои Лигаи якум гардид.
Дар мавсими ба анҷомрасида Ашӯрализода 33 гол зада, дар рӯйхати нишонзанҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт. Зинаи дуюмро ҳамлагари дастаи “Шодмон”-и Ҳисор Некрӯз Зокиров бо 25 гол ишғол кард. Ҳусейн Яъқубов аз дастаи “Сарой-Камар”-и ноҳияи Панҷ, ки 22 гол задааст, мақоми сеюмро касб намуд.
Аваз Қамчинов аз тими “Моҳир” бо 20 гол ва Зариф Зарифзода аз ҳайати “Душанбе” бо 17 гол панҷгонаи беҳтаринҳоро пур карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум “Парвоз” –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 64 имтиёз қаҳрамон гардида, роҳхат ба Лигаи олиро барои мавсими оянда соҳиб шуд.
“Сардор”-и шаҳри Турсунзода бо 60 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифта, бо “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бозиҳои гузаришӣ барои роҳхат ба Лигаи олиро барои мавсими оянда анҷом медиҳад. “Душанбе” бо 54 имтиёз дар зинаи сеюм мавсимро ҷамъбаст намуд. “Ваҳдат” бо 9 имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа маскан гирифта, ба Лигаи дуюм афтод.
