Некрӯз Салимов медали дуюми биринҷиро барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё соҳиб шуд

Некрӯз Салимов медали дуюми биринҷиро барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё соҳиб шуд

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон - Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи нуҳуми мусобиқа рақобатҳои марҳили нимниҳоӣ баргузор шуда истодаанд. Дар ин марҳилаи мусобиқа кишвари моро Миҷгона Самадова (57 кг), Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагӣ доранд.

Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Урдун - Хусейн Ишаиш нерӯсанҷӣ кард. Хусейни 30 сола қаҳрамони Осиё дар соли 2022 буда, инчунин се маротиба солҳои 2015, 2017 ва 2019 нишони биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст овардааст.

Салимов бо зарбаҳои ҳадафрас се раунд муқобили муштзани урданӣ рақобат кард ва дар охири бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯзӣ ба Хусейн Ишаиш дода шуд. Некрӯз Салимов дар корномаи варзишӣ бори аввал нишони биринҷии Чемпионати Осиёро соҳиб шуд. Ин дуюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи соли 2026 дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки Некрӯз Салимов дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ намояндаи Ҷопон – Кай Торийабе тариқи нокаут шикаст дода, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар намояндаи Индонезия –Майихел Роберрд Мускитаро бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, ба даври нимҳиҳоӣ роҳ ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз нишони дигари биринҷиро барои Тоҷикистон дар вазни 57 кг Миҷгона Самадова соҳиб шуд.

Ҳоло намояндаи дигари кишвари мо Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Ҳиндустон - Харш Чоудхари нерӯ месанҷад.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқа 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10 апрел идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва ҳадди ақал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст.