Неймар ин мавсим дар Топ 7 чемпионати Аврупо аз ҳисоби "гол+пас" ҳамто надорад

Ҳуҷумкунандаи бразилии дастаи «ПСЖ» - Неймар дар ҷараёни танаффуси мавсимҳо барои бозиҳои байналмилалӣ миёни мунтахабҳо аз ҳисоби «гол+пас» пешсаф шуд.
Футболбози бразилӣ аз рӯи ин нишондод 15 имтиёз ба даст овард. Ӯ дар ҳисобаш 8 гол ва 7 ирсоли головар дорад.
Пас аз Неймар - Коди Гакпо аз “ПСВ ” мавқеъ гирифт. Ӯ дар ҳисобаш 8 гол ва 6 ирсоли головар сабт кардааст.
Дар зинаи сеюми рейтинг ҳамлагари норвегӣ Эрлинг Ҳоланд ҷойгир шудааст. Мавсуф ба задани 11 гол ва 1 ирсоли мушарраф гардидааст.