Неймар корномаашро дар ҳайати Бразилия ба анҷом расонид
Ҳамлагари бошгоҳи “Сантос” Неймар расман аз анҷоми фаъолияти худ дар ҳайати мунтахаби Бразилия хабар дод.
Ин қарор баъд аз он гирифта шуд, ки мунтахаби Бразилия дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз тими Норвегия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза маҳрум гардид.
Неймар дар ин вохӯрӣ аз дақиқаи 67-ум ба ҳайси бозигари эҳтиётӣ вориди майдон шуд ва дар дақиқаи 90+10 аз зарбаи пеналти ягона голи Бразилияро ба самар расонд. Ин гол охирин голи ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар гардид.
Неймари 34-сола дар тӯли фаъолияти байналмилалии худ дар 130 бозӣ барои мунтахаби Бразилия ба майдон баромада, 80 гол ва 59 партофти головар анҷом додааст.
Ӯ дар ҳайати “селесао” соли 2016 қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ва соли 2013 ғолиби Ҷоми Конфедератсияҳо гардид. Ҳамчунин Неймар дар чор Чемпионати ҷаҳон аз ҳайати мунтахаби Бразилия ҳунарнамоӣ кардааст.
Бо эълони анҷоми фаъолияти байналмилалӣ, яке аз муваффақтарин ва машҳуртарин футболбозони таърихи Бразилия ба саҳифаи пурифтихори худ дар мунтахаби миллӣ нуқта гузошт.