Неймар мухлисони "Барселона"-ро хушҳол кард

Неймар мухлисони "Барселона"-ро хушҳол кард

Ҳамлагари 29-солаи бразилии дастаи "Пари Сен-Жермен" Неймарро хавфи иштирок накардан дар бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо бар зидди “Барселона”, ки дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, таҳдид мекунад. Дар ин бора сомонаи FootMercato дар такя бо Le Parisien хабар медиҳад. Рӯзи панҷшанбеи 25-уми феврал, рақами 10-уми дастаи “ПСЖ” ба тамринҳои инфиродии даста баргашт. Бар асоси ин, бисёриҳо ба иштироки ӯ дар бозии ҷавобӣ бо “Барселона” изҳори умедворӣ карданд. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, ҳама чиз чандон хушбин нест, чаро ки парижиҳо намехоҳанд саломатии бозигарро зери хатар гузоранд, аз ин рӯ, Неймар ба эҳтимоли зиёд зидди собиқ дастаи худ бозӣ намекунад.

Бояд гуфт, ки бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо байи дастаҳои “ПСЖ” ва “Барса” санаи 10-уми март дар Париж доир мешавад. Бозии аввали дастаҳо бо натиҷаи 4:1 ба суди дастаи “ПСЖ” хотима ёфта буд.