Неймарро барои таҳдиди куштор айбдор мекунанд

Неймарро барои таҳдиди куштор айбдор мекунанд

Ёрдамчии вакили давлатии Бразилия ва фаъоли ЛГБТТК+ Агрипино Магаляэш ба додгоҳи Сан-Паулу шикоят намуда, ҳамлагари “ПСЖ” Неймарро дар ташкили ҳамлаи мусаллаҳона нисбати ӯ айбдор кардааст.

Ба гуфтаи сомонаи Lo-Bianco, Магаляэш ният доштааст, ки ангезаи ин амал як силсила таҳқиқоти ӯ дар бораи гомофобияи Неймар аст. Вай гуфт, ки ба ӯ ҳамла карда, телефони мобилашро гирифтанд. Инчунин, сиёсатмадор ва фаъол даъво дорад, ки адвокати футболбози бразилӣ Дэви де Пайва Коста Тангерина ӯро бо куштор таҳдид кардааст. Магаляэш иддао дорад, ки аз таҳдидҳо аз идома додани фаъолияташ метарсад.