Ниҳоятан «ПСЖ» муваффақ шуд

Ниҳоятан «ПСЖ» муваффақ шуд

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 1-уми Чемпионати Фаронса дастаи “ПСЖ” дар хонааш бо тими «Метс» дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» доир шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди парижиҳо хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ ҳамлаҳои шадиди футболбозони дастаи “ПСЖ” бештар мушоҳида мешуд. “ПСЖ” дар ин бозӣ наздикии 20 зарбаи мустақимро ҷониби дарвозаи рақиб ирсол намуд, ки ҳамааш бе фоида хотима ёфт. Аз дақиқаи 65-ум парижиҳо рақобатро 10 нафара идома додан, чаро ки дифоъгар Абду Диалло барои рафтори ғайриодияш бо корти сурх муҷозот шуд. Кушишу талошҳои футболбозони мизбон самар оварду дар дақиқаи 90+3 Юлиан Дракслер бо зарбаи сар пирӯзии дастаашро таъмин сохт. Маврид ба ёдоварист, ки “ПСЖ” ин мавсим се вохӯрӣ доир карда, дар ду бозӣ дучори бохт ва дар як дидор шаҳди пирӯзӣ чашидааст. Айни ҳол парижиҳо бо касби 3 имтиёз дар зинаи 15-уми ҷадвал қарор доранд.