Нидерланд дарвозаи Ветнамро голборон кард

Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳони футбол миёни бонувон ҷараён дорад. Дар бозии даври охири гурӯҳи “Е” мунтахабҳои Ветнам ва Нидерланд ба ҳам омаданд. Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Форсит Барр”-и шаҳри Данидин баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 7 бар 0 ба суди мунтахаби Нидерланд ба анҷом расид.
Голҳоро дар ҳайати тими бонувони Нидерланд Лиеке Мартенс дар дақиқаи 8-ум, Катя Сноиҷс дар дақиқаи 11-ум, Эсми Бругтс дар дақиқаи 18-ум, 57-ум, Ҷилл Руд дар дақиқаи 23-юм, 83-юм ва Даниелле ван де Донк дар дақиқаи 45-ум ба самар расониданд.
Бо ин ғалаба Нидерланд бо касби 7 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “Е” мавқеъ гирифт. Амрико бо 5 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Португалия бо 4 имтиёз дар зинаи 3-юм ва Ветнам бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал аст.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи мазкур Нидерланд ва Амрико ба даври плей-офф роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2023 миёни занон аз 20 июл то 20 август дар Зеландияи Нав ва Австралия баргузор мешавад. Амрико қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст. Амрикоиҳо дар чор чемпионати ҷаҳон ғолиб омадаанд.