Нигаронии роҳбарони КБО аз Бозиҳои Олимпӣ

Нигаронии роҳбарони КБО аз Бозиҳои Олимпӣ

Эҳтимоли барҳам хӯрдани Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар соли 2021 низ вуҷуд дорад. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ - Томас Бах зикр намуд, ки вобаста ба ҳама мушкилоти давру замон омода буд.

Дар сурати баргузор нашудани Олимпиадаи Токио дар соли 2021 он пурра барҳам мехурад. Президенти КБО Томас Бах мегӯяд, мо ба моҳи июни 2021 умед дорем. Вле вазъият хеле ногувор аст. Роҳбари кумитаи тадорукоти Токио-2020 Йосиро Мори гуфт, ки агар пандемияи Ковид-19 аз байн наравад, бозиҳо соли оянда доир нахоҳад шуд.

“Ман мефаҳмам, ки мунтаззам ба вақти дигар гузаронидани   олимпиада ва тӯли ин муддат ҳазорҳо нафарро ба кумитаи тадорукот ба кор гирифтан, номумкин аст. Ҳар сол нақшаи кории федератсияҳои байналмилалиро тағйир додан ҳам хато аст, зеро варзишгар бояд реҷаи муайяне дошта бошад. Вале мо бояд ба ҳама чиз омода бошем. Умед дорем, июли соли оянда бозиҳо доир мешаванд. Танҳо шояд барои варзишгарон ва дигар аъзои дастаҳо   карантин талаб карда шавад”- иброз дошт Томас Бах.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпии Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 доир шавад, вале бинобар сабаби коронавирус онро ба соли 2021 гузарониданд.