Никита Кучеров ба садри рӯйхати нишонзанони мавсими ҷории ЛМХ баромад
Дар Сиэтл дар варзишгоҳи «Климат Плеҷ-Арена» бозии навбатии чемпионати даврии Лигаи Миллии Хоккей миёни тимҳои «Сиэтл» ва «Тампа-Бэй» доир шуд, ки бо пирӯзии «Лайтнинг» бо ҳисоби 4:3 дар овертайм хотима ёфт.
Муаллифи ду гол ва як амали натиҷабахш ҳамлавари «Тампа» Никита Кучеров гардид. Хоккейбози россиягӣ муаллифи голи пирӯзиовар дар овертайм гардид ва ситораи аввали бозӣ интихоб шуд. Дар умум ин мавсим Кучеров 47 хол ба даст овард —19 голу 28 амали натиҷабахш дар 28 бозӣ дорад.
Голҳои имрӯза барояш иҷоза доданд то ба зинаи аввали рӯйхати беҳтарин нишонзанони мавсими ҷории ЛМХ барояд. Кучеров аз ҳамлавари «Ванкувер» Брок Бёзер ва ҳамлавари «Торонто» Остон Мэттюс, ки дар ҳисобашон 18 голӣ мебошад, пеш гузашт.