Нико Гонсалес бозигари “Манчестер Сити” шуд!

Нико Гонсалес бозигари “Манчестер Сити” шуд!

Нимҳимоятгар Нико Гонсалес аз дастаи “Порту” ба тими “Манчестер Сити” гузариш кард. Дар ин бора дафтари матбуотии тими шаҳри Манчестер расман хабар дод.

Арзиши трансфер 60 млн евро буда, қарордоди ҳамкорӣ то соли 2029 ба тасвиб расонида шуд.

“Ин барои ман дар ин марҳилаи касбам як имконияти хуб аст. Ман 23-солаам ва мехоҳам дар Англия худро санҷам. Барои ман ягон клуб беҳтар аз “Манчестер Сити” нест. Ба ҳайати ин даста як бор мутаваҷҷеҳ шавед. Ин аҷиб аст, дар ин ҷо бозигарони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд. Дар ҷаҳон футболбозе нест, ки намехоҳад узви ин даста бошад. Ман дар ҳақиқат ба ҳаяҷон омадаам! Ман омодаам барои дастаи “Манчестер Сити” ҳама ҳунару маҳоратамро дар майдон нишон диҳам” — гуфтахои Гонсалесро нашрияи The Athletic иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола, Гонсалес дар ҳайати “Порту” 29 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо гузаронида,   7 голу 6 партофти головар анҷом додааст.

ТВ "Варзиш"