Никола Йокич баҳри найрангбозӣ дар бозӣ зидди «Сакраменто Кингз» ҷаримабандӣ шудааст

Никола Йокич баҳри найрангбозӣ дар бозӣ зидди «Сакраменто Кингз» ҷаримабандӣ шудааст

Бозигари сербиявии «Денвер Наггетс» Никола Йокич ба андозаи 2000 доллар баҳри найрангбозӣ дар бозии чемпионати даврии Ассосиатсияи Миллии Баскетбол муқобили «Сакраменто Кингз» (117:123) ҷарима карда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии мусобиқа хабар медиҳад.

Чӣ тавре иттилоъ дода мешавад, қарор оиди ҷарима аллакай баъди бозӣ дар қароргоҳи лига вақти тамошои наворҳои такрорӣ бароварда шудааст.

Никола Йокич сернатиҷатарин бозигари он дидор буда, трипл-дабли иборат аз 36 хол, 13 бозёфт ва 14 партофти натиҷабахшро ба номаш навишта кард.