Нимҳимоягари украинӣ Коноплянка ба тими руминии ЧФР пайваст

Нимҳимоягари украинӣ Коноплянка ба тими руминии  ЧФР пайваст

Нимҳимоягари ҳуҷумкори украинӣ Евгений Коноплянка ба сафи тими руминии ЧФР гузариш анҷом дод.

Футболбози 32-сола ба тими наваш чун футболбози озод гузариш намуда, шартномааш то соли 2025 мӯҳлат дорад.

Тими ахири нимҳимоягар «Краковия»-и лаҳистонӣ буд. Ҳамчунин ӯ дар дастаҳои «Днепр», «Шахтер», «Севиля» ва «Шалке» бозӣ кардааст.