Нимфинали англисӣ пас аз 16 - “Астон Вилла” vs “Ноттингем Форест”

Нимфинали англисӣ пас аз 16 - “Астон Вилла” vs “Ноттингем Форест”

Дастаҳои “Астон Вилла” ва “Ноттингем Форест” дар марҳилаи нимниҳоии Лигаи Аврупо дар мавсими 2025/2026 бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.

Ин муқобила аҳамияти таърихӣ дорад, зеро бори аввал пас аз мавсими 2008/2009 ду бошгоҳи англисӣ дар марҳилаи нимниҳоии яке аз мусобиқаҳои аврупоӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Охирин маротиба чунин ҳолат дар Лигаи қаҳрамонҳои мавсими 2008/2009 рух дода буд, ки дар он “Манчестер Юнайтед” бар “Арсенал” аз рӯи натиҷаи умумии ду бозӣ (1:0, 3:1) ғалаба карда буд.

Дар финали ҳамон мавсим бошад, “Манчестер Юнайтед” аз “Барселона” бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардид.

Ҳоло “Астон Вилла” ва “Ноттингем Форест” барои роҳхат ба финали Лигаи Аврупо мубориза мебаранд. Ғолиби ин ҷуфт дар финал бо дастаи пурқувваттар аз ҷуфти “Брага” ва “Фрайбург” рақобат хоҳад кард.