Нимпайкараи Агуэро дар назди варзишгоҳи “Иттиҳод” гузошта шуд

Нимпайкараи Агуэро дар назди варзишгоҳи “Иттиҳод” гузошта шуд

Бошгоҳи " Манчестер сити"  ба муносибати 10-умин солгарди аввалин унвони қаҳрамониаш дар  ПЛА  муҷассамаи Серхио Агуероро дар назди варзишгоҳи "Иттиҳод"  гузошт.  


13-уми майи соли 2012 «Манчестер Сити» дар даври 38-уми Премйер-Лига дар майдони худ бар «КПР» (3:2) ғалаба кард ва барои аввалин бор дар 44 соли охир қаҳрамони Англия шуд. Голи ҳалкунандаро дар он дидор дар дақиқаи 94-ум ҳамлагари “Шаҳриҳо” Серхио Агуэро ба ҳадаф расонд, голи аргентинӣ ба “катубҳои осмонӣ” имкон дод, ки унвони деринтизорро аз дасти як рақиби оштинопазир дар симои “Манчестер Юнайтед” бигирад.

13-уми майи соли 2022, дар рӯзи даҳумин солгарди бозии тиллоӣ, Сити ба ифтихори Агуэро, ки бар асари мушкилоти саломатӣ касбашро ба охир расонд, муҷассама бунёд намуд. Муҷассама, ки аз ҷониби ҳайкалтарош Энди Скотт сохта шудааст, дар охири шарқии варзишгоҳи Иттиҳод гузошта шудааст. Асари санъат аз хазорхо плитахои пулодии ҷилодор сохта шудааст. 



Серхио аз солҳои 2011 то 2021 дар “Ман Сити” 384 бозӣ дар ҳайати клуб 257 гол задааст ва инчунин панҷ унвони қаҳрамониро дар Премйер Лига ба даст овардааст.