Нишасти матбуотӣ пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал доир мешавад

Нишасти матбуотӣ пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал доир мешавад

3-юми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе қабл аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 10:00 оғоз мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаҳои “Соро компания” ва “Истиқлол” – Пайрав Воҳидов ва Владимир Чурляев иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал миёни қаҳрамони мавсими гузашта, дастаи “Соро компания” ва барандаи нишони нуқраи мавсими гузашта, тими “Истиқлол” рӯзи 4-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешавад. Оғози рақобат соати 19:00 дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Суперҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол” маҳсуб мешавад. “Истиқлол” бо ҳисоби 4 бар 3 тими “Соро Компания”-ро мағлуб карда, бори аввал Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.