Нишасти матбуотии пеш аз бозии мунтахабҳои Покистону Тоҷикистон доир шуд

Нишасти матбуотии пеш аз бозии мунтахабҳои Покистону Тоҷикистон  доир шуд

20-уми ноябр дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и шаҳри Исломобод пеш аз шурӯи рақобати тимҳои миллии футболи Покистон ва Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2026 бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гашт. Сараввал ба суоли хабарнигорон сармураббии мунтахаби Покистон мутахассиси англис Стивен Константин ва сарвони даста Отис Хан посух гуфтанд.

Сармураббии мунтахаби Покистон дар раванди нишасти хабарӣ зикр кард, ки пас аз бохти бузург аз Арабистони Саудӣ бо шогирдон кор кардааст то муқобили Тоҷикистон бозии хуб нишон диҳад.

Сарвони мунтахаби Покистон Отис Хан аз муҳимияти бозӣ бо Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр кард, ки дар мизбони танҳо баҳри ғалаба мубориза хоҳанд бурд.

Пасон бо рӯҳияи болида ба назди намояндагони ВАО сармураббии хорватии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва Манучеҳр Сафаров ҳозир шуданд. Дар оғоз мутахассиси хорватӣ аз меҳмоннавозии гарму самимии мардуми Покистон миннатдорӣ баён карда, аз натиҷаи бозӣ бо Урдун ёдовар шуд. Баъдан сармураббии тими миллии мо аз иштироки фаъоли мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Мердека гуфта, омодагии тими миллии Тоҷикистонро ба ин бозӣ хело дар сатҳи олӣ баҳогузорӣ кард.

Ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров ба суоли рӯзноманигори покистонӣ, ки онҳо дертар барои бозӣ ба шаҳри Исломобод омадаанд ва оё чамани табии варзишгоҳ барои бозӣ натиҷаи манфӣ расонида метавонад, чунин посух дод. Мо бештар дар чамани сунъӣ бозӣ кардаем ва эҳтимоли дертар омадани мо ба ин ҷо шояд ба бозӣ таъсире расонад. Лек ҳоло мо дар тамринҳои пеш аз бозӣ кӯшиш мекунем, ки ба варзишгоҳ ва чамани он ошно шавем.

Пас аз нишасти хабарӣ дар Варзишгоҳи Ҷинна футболбозони мунтахаби Тоҷикистон зери роҳнамоии Петр Сегрт тамринҳои ниҳоии пеш аз бозиро   муқобили тими миллии Покистон доир карданд.

Барои бозӣ муқобили Покистон сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт 24 бозигарро ба ҳайати тими миллӣ шомил кардааст.

Бозии мунтахабҳои Покистон ва Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон 2026 дар гуруҳи G рӯзи 21-уми ноябр соати 14 дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и шаҳри Исломобод баргузор мегардад.