Нишасти матбуотии Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” доир шуд

Нишасти матбуотии Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” доир шуд

24-уми май, Суперҷоми Тоҷикистон-2025 дар меҳмонхонаи "Румӣ"-и Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид. Ба саволҳои хабарнигорон аз ҳайати "Регар-ТадАЗ" сармураббии даста Алишер Тӯхтаев ва капитан Бахтиёр Қаландаров ва аз ҳайати “Истиқлол” сармураббӣ Игор Черевченко ва Ризо Деҳқонӣ ҷавоб доданд.

Зимни посух ба саволҳои рӯзноманигорон Алишер Тӯхтаев қайд кард, ки: - "Ба бозии дарпешистода давоми як ҳафта тайёрӣ дидем. Якчанд бозии охири дастаи ҳарифро таҳлил карда, нақшаҳои худро таҳия кардем".

Назари сармураббӣ дар бораи ҳариф ва имкониятҳо: - "Истиқлол" дастаи қавӣ аст. Дар ҳайати онҳо бозигарони ботаҷриба ҳастанд. Вале "Регар-ТадАЗ" дар мавсими гузашта исбот кард, ки ин даста дар мусобиқоти ҷом метавонад сарҷамъ шавад ва ба натиҷаи зарурӣ ноил гардад. Мо ба ҳариф эҳтиром дорем, аммо барои расидан ба орзуи деринаи дастаи "Регар-ТадАЗ" ва мухлисони он ҷиҳати барандаи Суперҷом шудан, тамоми талоши худро хоҳем кард. Ман дастаи "Истиқлол"-ро хеле хуб медонам, аммо тактикаи мураббии ҳариф метавонад барои бозии дарпешистода куллан дигаргун шавад".

Дар бораи мухлисон: - "Аз мухлисон ва дар маҷмуъ сокинони шаҳри Турсунзода фаъол буданро дар бозии Суперҷом хоҳиш мекунам, зеро дастгирии онҳо барои мо муҳимм аст. Мо дар навбати худ тамоми талошамонро баҳри бори нахуст барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шудани "Регар-ТадАЗ" дареғ нахоҳем дошт".

Зимни посух ба саволҳои рӯзноманигорон Бахтиёр Қаландаров қайд кард, ки: - "Ҳамаи бозигарони мо муҳиммияти бозии дарпешистодаро дарк мекунанд. Мураббиамон барои мо зимни омӯзишҳои назариявӣ дар бораи ҳариф маълумотҳои даркорӣ дод. Моро зарур аст, ки ҳамаи талабҳои ӯро иҷро намуда, бозии боинтизом ва хуберо нишон диҳем".

Андешаҳои сарвони даста доир ба омодагиҳо ба мавсим ва натиҷаҳо: - "Барои тайёрӣ ба мавсими нав роҳбарияти даста дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ ташкил карданд. Ҳайати даста бо бозигарони ботаҷриба пурра карда шуд. Дар аввал андаке натиҷаҳо хуб набуданд, ҳоло даста ба шоҳроҳи комёбӣ баромадааст ва умедворем пагоҳ боз ин муваффақиятҳоро давом медиҳем".

Андешаҳои Бахтиёр Қаландаров дар бораи мухлисон: - "Моро дар набарди дар пеш истода ҳаводорони зиёд, пуштибонӣ мекунанд. Барои ба шаҳри Ҳисор омадани онҳо нақлиёти ройгон ташкил карда шудааст. Имсол аз тасиси дстаи "Регар-ТадАЗ" 50 сол сипарӣ шуд. Мехоҳем барои мухлисони худ бори нахуст Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст орему боз як саҳифаи наву дурахшонеро дар таърихи даста сабт кунем".

Сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе Игор Черевченко интизориҳои худро аз бозии оянда барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025, ки дар он дастааш бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода вомехӯрад, иброз дошт.

«Рақобат барои ҷом аст, ҷоиза зиёд намешавад. Умедворем, ки бозӣ хуб мегузарад ва дастаҳо футболи зебо нишон дода, гол зиёд мезананд. Барои ҳар як мураббӣ ҳар қадар ҷоиза бештар бошад, ҳамон қадар хуб аст», - зикр намуд, Игор Черевченко.

Бозингари эронии тими «Истиқлол» Ризо Деҳқонӣ дар нишасти хабарии пеш аз Суперҷоми Тоҷикистон андешаҳояшро баён намуд!

Ризо Деҳқонӣ - «Ман ба пирӯзии дастаамон итминон дорам, зеро мо ба ин бозӣ омодагии хуб дорем. Ба даст овардани ин ҷоиза барои ман муҳим хоҳад буд, зеро бори аввал онро соҳиб мешавам...»!

Ёдовар мешавем, ки бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» имрӯз, 25-уми май,   дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор соати 19:00 баргузор мешавад.